Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Моро озод кунед”. Гуруснашинии муҳоҷирони тоҷик дар як боздоштгоҳи Амрико


Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Ню Йорк
Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Ню Йорк

Як гуруҳ муҳоҷирони тоҷик дар боздоштгоҳи Вини аёлати Луизианаи Амрико (Winn Correctional Center) ба нишони эътироз аз будубоши тӯлонӣ дар ҳабс ва шароити нигаҳдорӣ  гуруснанишинӣ кардаанд.

Гуруснанишинӣ беш аз 10 рӯз идома кардааст, аммо ба гуфтаи муҳоҷирон, натиҷае надод.

Ду нафар аз муҳоҷирони тоҷик, ки бо нияти дарёфти паноҳандагӣ аз марзи Мексика ба Амрико расидаанд, рӯзи 23-уми феврал дар суҳбат Радиои Озодӣ гуфтанд, дар боздоштгоҳи Вини Луизиана наздик ба 100 тоҷик нигоҳдорӣ мешаванд, ки аксарияташон шаҳрвандии Русияро ҳам доранд. Онҳо нахостанд номашон бурда шавад, чун аз Амрико дархости паноҳандагӣ кардаанд ва парвандаашон дар ҳоли баррасӣ шудан аст. Шиносномаи русӣ ба муҳоҷирон имкон медиҳад, ки бе виза ба Мексика раванд ва аз он ҷо вориди Амрико шуда, худро ба мақомот таслим кунанд.

Ба нақли муҳоҷироне, ки дар ин боздоштгоҳанд, бисёре аз муҳоҷирони тоҷик аз 4 то 6 моҳ боз дар ин ҷо мунтазири мурофиаи додгоҳӣ ҳастанд. Вале ба фарқ аз дигар боздоштгоҳҳо онҳоро мақомоти Луизиана бо шарти пардохти гаравпулӣ, дарёфти кафил ё ҳатто сарпараст аз боздоштгоҳ раҳо намекунанд.

Як ҷавони 26-солаи тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз моҳи октябр инҷониб дар ин боздоштгоҳ аст гуфт, моҳҳои охир муносибати кормандони боздоштгоҳ нисбат ба онҳо баду дағалтар шудааст ва ғизоҳо низ якрангу тоқатфарсо аст.

“Ҳоло ба мо танҳо биринҷу лубиёи обҷӯш медиҳанд. Мо, муҳоҷирон, бояд барои хӯрок ба суратҳисоби боздоштгоҳ пул гузаронем. Аммо пули бисёриҳо тамом шудааст, пул намедиҳанд. Мо гуруснанишинӣ кардем 10 рӯз, ки моро озод кунед. Аммо ин ҳеҷ натиҷа надод”, - гуфт ӯ.

Ба нақли муҳоҷирон, дар боздоштгоҳи Вин маъмурон муҳоҷиронро ба муддатҳои тӯлонӣ нигоҳ медоранд то замоне, ки мурофеаи додгоҳиашон доир шуда, воқеан ба паноҳандагӣ эҳтиёҷ доштанашонро дар додгоҳ исбот кунанд.

Ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, дар дохили боздоштгоҳ дастрасии онҳо ба ёрии ҳуқуқӣ хеле маҳдуд аст ва онҳо наметавонанд ба мурофеа хуб омода шаванд. Ба қавли онҳо, маъмурияти зиндон онҳоро ҳамроҳ бо дигар ҷинояткорони маҳкумшуда нигоҳ медорад, вале ба фарқ аз онҳо, ки болопӯши норинҷӣ доранд, либосҳои муҳоҷирон сабзу кабуд аст.

Ба нақли ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ даҳҳо нафар аз тоҷиктаборон натавонистанд додгоҳро қонеъ кунанд ва дар ниҳоят ҳукми ихроҷ (депортатсия)-и онҳо бароварда шудааст.

Дар маъмурияти боздошгоҳи Вини Луизина дар як тамоми телефони бо Радиои Озодӣ дар бораи гуруснанишинии муҳоҷирон шарҳе надоданд.

Шумораи дақиқи муҳоҷирони тоҷике, ки аз ин боздоштгоҳ ихроҷ шудаанд дақиқ нест. Ҳамсуҳбатони мо ин ададро зиёда аз 100 нафар ҳадс мезананд.

Солҳои охир, хоса пас аз ҳамлаи бебаҳонаи Русия ба Украина, садҳо муҳоҷири тоҷик талош мекунанд, аз хоки Мексика худро ба Амрико расонда, аз ин кишвар дархости паноҳандагӣ кунанд. Бисёре аз онҳо пас аз чанд рӯз бо пардохти гаравпулӣ, кафолат ё сарпарастии шиносҳои худ дар ИМА аз зиндон раҳо шуда, аммо моҳҳои дароз парвандаи паноҳандагии худро дар додгоҳ дифоъ мекунанд.

Айни замон муҳоҷират дар Амрикое, ки дар остонаи интихоботи президентӣ қарор дорад, ба баҳси доғе миёни ҷумҳурихоҳон ва деморкатҳо бадал шудааст. Ҷумҳурихоҳон, ки айни замон зимоми қудратро дар Конгресс дар даст доранд, хоҳони сахттар кардани назорати марзҳои ҷанубӣ ва сиёсати муҳоҷират ҳастанд.

Қаблан намояндагии расмии Иёлоти Муттаҳида аз ҷумла Сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон аз муҳоҷирон даъват карда буд, ки роҳҳои қонунии ворид шудан ба Амрикоро омӯзанд ва аз истифодаи роҳҳои ғайриқонунӣ худдорӣ варзанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG