Дар хадамоти матбуотии Додгоҳи шаҳри Остона гуфтанд, вазири собиқро ба ғасби рейдерии меҳмонхонаи "Дипломат" ва азхудкунии пулҳои буҷет ҳангоми баргузор кардани намоишгоҳи "Раҳпаймоии марди тиллоӣ" айбдор донистанд.
"Тафтиши парвандаи иловагӣ алайҳи Муҳаммадиулӣ ба гумони ғасби рейдерии меҳмонхонаи "Дипломат" ба анҷом расидааст. Муҳаммадиулӣ бо мақсади гурез аз ҷавобгарӣ тариқи гумроҳ кардани додгоҳ ва ҷомеа маълумоти дурӯғ пешниҳод кардаааст", - гуфта мешуд дар изҳороти Хадамоти мубориза ба зидди фасоди Қазоқистон.
Муҳаммадиулӣ 28-уми майи соли 2022 бо гумони дуздии беш аз 140 миллион тангаи буҷет ҳабс ва дар моҳи июни имсол 8 сол аз озодӣ маҳрум шуд.
Дертар Додгоҳи Остона вайро дар доираи як парвандаи дигар ба кӯшиши додани пора ё ришва ба маблағи махсусан калон айбдор дониста, муҳлати ҷазояшро аз 8 то ба 11 сол дароз кард.
Аристонбек Муҳаммадиулӣ аз соли 2014 то 2019 вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон буд.