Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Иллинойс Трампро аз иштирок дар праймериз маҳрум кард


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Рӯзи чаҳоршанбеи 28 феврал додгоҳе дар Иллинойси ИМА президенти пешини ин кишвар Доналд Трампро аз иштирок дар праймериз ё номзадшавии ибтидоӣ дар интихобот маҳрум кард.

Додгоҳ гуфт, Трамп ба хотири иштирок дар шӯриш аз ҳаққи ишғол кардани мансаби давлатӣ маҳрум шудааст.

Намояндагони Трамп судяеро, ки ин қарорро содир кард, дар доштани ангезаи сиёсӣ айбдор карданд.

Иллинойс севумин аёлате аст, ки Трампро аз баргаҳои раъй хориҷ мекунад. Пештар ду аёлат - Колорадо ва Мэн чунин корро карда буданд. Трамп аз болои қарори додгоҳҳои мазкур шикоят кардааст.

XS
SM
MD
LG