Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори ББС-ро барои "суҳбат" ба пулиси Тошканд даъват кардаанд


Рӯзноманигори бахши узбекии Би-би-сӣ Ибрат Сафо гуфт, ӯро барои "суҳбат" ба шуъбаи пулиси ноҳияи Чилонзори шаҳри Тошканд даъват кардаанд.

"Корманди пулис пеш аз "пайдо" кардани ман хоҳари нафақахӯри 68-солаамро, ки омӯзгор аст, ба шуъбаи пулиси Чилонзор даъват кардааст. Ман ба ӯ гуфтам, ки наравад. Аз Лондон занг задам", - навиштааст рӯзноманигор дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук.

Ба гуфтаи Сафо, дар таърихи 20-солаи кори ӯ дар Би-би-сӣ дар Лондон бори нахуст аст, ки чунин ҳодиса рух медиҳад.

"Аз ҳама аҷибаш ин аст, ки ман аз соли 2017 дар қайди ноҳияи Чилонзор нестам. Ман дар қайди сафорати Узбекистон дар Лондон ҳастам", - афзудааст рӯзноманигор.

Корманди шуъбаи пулиси Чилонзор гуфтааст, рӯзноманигорро бо дастури Маркази мониторинги ВАО дар маъмурияти президенти Узбекистон барои шарҳи "манфияш" дар бораи ин кишвар ба суҳбат даъват кардаанд. Сухан аз навиштае меравад, ки 1 феврали имсол нашр шудааст.

"Раиси яке аз шаҳрҳо ҳангоми дар вазифа будан боғеро дар маркази шаҳр хушк месозад ва барои сарватандӯзӣ боғи фароғатӣ месозад. Ин кор агар дар як кишвари демократӣ сурат мегирифт, боиси моҷарои сиёсие мешуд. Вале Узбекистон аз рӯи меъёрҳои дигар зиндагӣ мекунад", - иқтибос овардааст расонаи "Газета.уз" аз навиштаи рӯзноманигор.

Корманди пулис ба Сафо гуфтааст, ки сухан аз қонун "Дар бораи бадном кардани ҳукумати Узбекистон" меравад, вале шарҳ надодааст, ки он чи гуна қонун аст.

XS
SM
MD
LG