Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби беш аз 15 сол зиндон ба як муҳоҷири тоҷик дар Русия


Мақомоти Русия рашкро ангезаи куштор донистаанд
Мақомоти Русия рашкро ангезаи куштор донистаанд

Додситони ноҳияи Совети Новосибириск аз додгоҳ хостааст, муҳоҷири тоҷик Хушнуд Ҳамроевро барои куштани дӯстдухтараш понздаҳуним сол зиндонӣ кунанд.

Мақомоти Русия муҳоҷири 28-солаи тоҷикро дар моҳи июли соли 2022 боздошт карданд. Ба иттилои расмӣ, ӯ ба бадани маъшуқааш 17 корд задааст.

Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, ҳамлаи ҷавон ба духтари рус сабт шудааст.

Додситонӣ дар хабарномае рӯзи 28-уми феврал Ҳамроевро “ба куштор, қасди куштор ва робитаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ба синни 16 нарасидааст”, айбдор намуд.

Мақомоти Русия рашкро ангезаи куштор номидаанд.

Модари духтари кушташуда гуфтааст, Хушнуд Ҳамроев борҳо ба духтараш таҳдид карда буд, вале мақомот чора надиданд. Шаш маъмури пулисро низ барои хунукназарӣ ба ҷавобгарӣ кашидаанд.

Назари муҳоҷири тоҷик ва наздиконаш ба иттиҳоми мақомот ҳанӯз дастрас нест.

XS
SM
MD
LG