Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Иссиқкул 14 сайёҳи хориҷӣ зери тарма мондааст


Дар натиҷаи фаромадани тарма дар ноҳияи Оқсуи вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон се шаҳрванди Чехия ва як шаҳрванди Словакия ҷон бохтаанд.

Дар идораи пулиси Иссиқкул ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳалокшудаҳо 29, 30, 42 ва 46-сола буданд.

Ба иттилои пулис, 23 шаҳрванди Чехия рӯзи 25-уми феврал барои лижаронӣ ба ду гуруҳ тақсим шуданд.

Гуруҳе, ки аз 14 нафар иборат буд, зери тарма монд. 10 нафар тавонистанд, аз зери барф берун оянд. Ҷасади чаҳор нафари ҳалокшударо ба сардхонаи Қарокӯл бурдаанд.

Пулис дар робита ба ин ҳодиса тафтишотро оғоз карда, санҷиши пизишкиву додгоҳӣ таъйин шудааст.

XS
SM
MD
LG