Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 ширкат аз Осиёи Марказӣ шомили таҳримҳои ИМА шудааст


Амрико дар пайванд ба марги сиёсатмадори мухолиф Алексей Навалний ва солгарди дувуми ҳамлаи Русия ба Украина нисбат ба Маскав таҳримҳои нав ҷорӣ кард
Амрико дар пайванд ба марги сиёсатмадори мухолиф Алексей Навалний ва солгарди дувуми ҳамлаи Русия ба Украина нисбат ба Маскав таҳримҳои нав ҷорӣ кард

Ширкати Polarstar Logistics, ки ба ҳамлу нақли ҳавоӣ, баҳрӣ ва хушкӣ машғул аст ва дар Тошканд ҳам намояндагӣ дорад, шомили рӯйхати таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида шудааст.

Дар ин бора дар сомонаи Раёсати назорати дороиҳои хориҷии Вазорати молияи Амрико хабар дода шудааст.

Дар хабари вазорат гуфта нашудааст, ки чаро ширкати мазкурро шомили таҳримҳо кардаанд.

ИМА рӯзи 23-юми феврал дар робита ба марги мухолифи ҳукумати Русия Алексей Навалний ва солгарди дувуми ҳамлаи густарда ба Украина нисбат ба Русия таҳримҳои нав ҷорӣ кард.

Дар таҳримҳои нав ширкати Da Group 22 дар Қазоқистон, Elem Group ва "Ukon" дар Қирғизистон низ шомил шудаанд. Da Group 22 ва Elem Group ба тиҷорати яклухти дастгоҳҳо ва қисмҳои эҳтиётии дастгоҳҳои мухобиротӣ машғул аст.

Вазорати молияи Амрико мегӯяд, ширкати қирғизистонии "Ukon" ба фиристодани қисмҳои эҳтиётии ҳавопаймо ба Русия машғул аст.

XS
SM
MD
LG