Онҳо гуфтанд, роҳҳоеро ҷустуҷӯ доранд, ки Маскав чӣ гуна зарари расидаро аз ҳамлааш ба Украина бипардозад.
Раҳбарони G7 рӯзи 24-уми феврал, дар рӯзе, ки аз ҳамлаи Русия ба Украина ду сол гузашт, бо Владимир Зеленский, раисиҷумҳури ин кишвар ба таври маҷозӣ ё онлайн гуфтугӯ карданд.
Иёлоти Муттаҳида, Бритониё, Канада, Фаронса, Олмон, Итолиё ва Ҷопон ба гурӯҳи ҳафтгона шомиланд.
Бар асари таҷовузи беасоси Русия дар Украина даҳҳо ҳазор нафар кушта ва бисёре аз манотиқи ин кишвар вайрону валангор шудаанд.