Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қадамҳои баъдӣ"-и Исроил дар Ғазза чӣ хоҳад буд?


Рафаҳ, ҷануби Навори Ғазза
Рафаҳ, ҷануби Навори Ғазза

Мақомоти Исроил "қадамҳои баъдӣ"-ро барои гуфтушунид дар бораи раҳоии гаравгонҳо ва оташбас дар Навори Ғазза шаби 24-уми феврал баҳс кардаанд.

Хабаргузории "Франс Пресс" бо такя ба як мансабдор ва гузориши расонаҳои Исроил навишт, як ҳайати исроилӣ, ки барои созиш дар мавриди раҳоии гаравгонҳо ба Порис (Париж) рафта буд, баргашт.

Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, мақомоти Исроил розӣ шудаанд, ки барои идомаи гуфтушунид дар рӯзҳои наздик як ҳайатро ба Қатар мефиристанд.

Ин дар ҳолест, ки нигарониҳо аз вазъи ноумедкунанда, ки мардуми осоишта дар Навори Ғазза бо он рӯбарӯ ҳастанд, бештар мешавад. Барномаи Ҷаҳонии Озуқаи СММ гуфт, зиёда аз ду миллион нафар дар онҷо дар остонаи гуруснагӣ ҳастанд.

Ҷанг миёни Исроил ва "Ҳамос" пас аз ҳамлаи бесобиқаи ин гурӯҳи тундрав дар рӯзи 7-уми октябри соли 2023 оғоз шуд.

Он замон “Ҳамос”, ки аз тарафи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ эътироф шудааст, дастикам 1200 нафарро дар Исроил кушт ва ҳудуди 240 нафарро гаравгон гирифт.

Дар пайи он Исроил ба ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминӣ алайҳи аъзои “Ҳамос” дар Ғазза шуруъ кард. Вазорати тандурустии Ғазза мегӯяд, дар ин муддат ҳудуди 30 ҳазор нафар кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG