Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари низомиёни баландпояи Украина ба наздикии хати ҷабҳа


Вазири дифои Украина Рустам Умаров (байн) ва фармондеҳи артиши ин кишвар Александр Сирстий (рост). Донетск, 13-уми феврали 2024
Вазири дифои Украина Рустам Умаров (байн) ва фармондеҳи артиши ин кишвар Александр Сирстий (рост). Донетск, 13-уми феврали 2024

Як генерали украинӣ рӯзи 25-уми феврал гуфт, фармондеҳи артиши Украина Александр Сирский ва вазири дифои ин кишвар Рустам Умаров ба наздикии хати ҷабҳа рафтаанд, то вазъро дар майдони ҷанг таҳлил карда, мудофиаро тақвият бахшанд.

Худи Сирский дар Телеграм нигошт, ки "вазъи ҳозираро муфассал таҳлил карда, чораҳои зарурии минбаъдаро баррасӣ намудем."

Ин чораҳо, пеш аз ҳама, ба гуфтаи ӯ, аз "ҳифзи нерӯҳо аз зарбаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ва инчунин таҳкими минтақаҳои алоҳидаи ҷабҳа" иборат аст.

Русия ду сол пеш, 24-уми феврали соли 2022, бедалел ба хоки Украина ҳамла кард. Киев ва ҳампаймонҳои ғарбияш рафтори Русияро маҳкум ва ба зидди Маскав таҳримҳои зиёд ҷорӣ карданд.

Амрико ва муттаҳидони аврупоии Украина ваъда додаанд, ки то вақти пирӯзии Украина фиристодани муҳимоти низомиро ба ин кишвар идома хоҳанд дод.

Президенти Украина Владимир Зеленский рӯзи шанбе ваъда дод, ки кишвараш Русияро дар ин ҷанг мағлуб хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG