Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон даҳҳо эътирозгар боздошт шуд


Полиси Покистон рӯзи 24 феврал даҳҳо фаъоли сиёсиро дар Карочӣ боздошт кард, ки дар назди маҷлиси музофотии вилояти Синд дар ҷануби ин кишвар алайҳи тақаллуб дар интихоботи умумии моҳи феврал эътироз карданд.

Эътироз дар остонаи маросими савгандёдкунии вакилони тозаинтихоб дар назди бинои маҷлис барпо шуд. Аз 168 узви маҷлиси Синд, яксаду чилу ҳашт нафарашон савганд ёд карданд. Эътилофи бузурги демократӣ, Ҷамъияти уламои исломи Фазл, Ҷамоати Исломӣ, Ҷунбиши қавми муҳоҷир нақшаи як тазоҳуроти муштарак дар назди бинои маҷлисро таҳия карданд.

Ҳодисаҳо дар Синд дар ҳолест, ки дар паи як муомила, Шаҳбоз Шариф нахуствазири Покистон интихоб шуд.

XS
SM
MD
LG