Баъди фурӯ рехтани айвони корхонаи оҳангудозии Олмалики дар Узбекистон, ки дар натиҷаи он се коргар фавтид, Додситонии кулли он кишвар парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Дар натиҷаи фурӯрехтани боми сохтмоне дар корхонаи коркарди миси шаҳри Олмалики Узбекистон се кас кушта ва 29 тани дигар маҷруҳ шудааст.
Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон иттилоъ дода, ки ҳодиса 20 феврали имсол рух дода, ҳамаи ҷонбохтаҳо ва осебдидагон шаҳрвандони Ҳиндустон ҳастанд, ки дар сохтмони бино иштирок мекарданд.
Ба иттилои манбаъ, боми оҳании бино дар натиҷаи “боридани барфи зиёд” фурӯрехтааст. Дар вазорат ҳодисаро “фалокати табиӣ” номиданд.
Ҷузъиёт ва сабабҳои рух додани ҳодиса муайян карда мешавад.