Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон қонуни ҳабси якумриро барои кӯдакозорӣ қабул кард


Порлумони Қазоқистон қонуни ҳабси якумриро барои кӯдаккушӣ ва "педофилия" ё хушунати ҷинсӣ нисбати кӯдакон қабул кард.

Ҳамчунин бар асоси тағйироти нав ба қонунгузории он кишвар, барои латту кӯби кӯдакон ҷарима дар ҳаҷми то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё то 200 соат корҳои ҷамъиятӣ, ё то 5 рӯз ҳабси маъмурӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳафтаи гузашта порлумони Қазоқистон қонунеро қабул кард, ки бар асоси он вуруд ба кишвар ва дарёфти шаҳрвандии Қазоқистон барое касоне манъ шуд, ки бо айби содир кардани хушунати ҷинсӣ нисбати ноболиғон ҷазо гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG