Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон дигарбора ба Қатар сафар кардааст


Эмомалӣ Раҳмон бори дуввум аст, ки дар тӯли ду моҳ ба Қатар сафар мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон бори дуввум аст, ки дар тӯли ду моҳ ба Қатар сафар мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 17-уми январ бо сафари корӣ ба Қатар рафтааст. Дар ин бора дафтари матбуоти раиси ҷумҳур хабар дода, ҷузъиёти сафар ва ҳадафи онро нагуфтааст.

Қатар яке аз кишварҳои хурди арабист, ки дар Тоҷикистон сармоягузории зиёд дорад ва аз ҷумла бузургтарин масҷид дар қаламрави Осиёи Марказиро дар Душанбе сохтааст.

Моҳи январи имсол низ Эмомалӣ Раҳмон ба Давҳа, пойтахти Қатар сафар кард ва онҷо бо ҳалқаҳои тиҷоративу соҳибкорӣ ва раҳбарони он кишвар мулоқот дошт. Дар ҷараёни сафар миёни ду кишвар 9 созишномаи ҳамкорӣ аз ҷумла ду созишномаи иқтисодӣ ба имзо расид.

XS
SM
MD
LG