Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як сӯхтор дар Қазоқистон ду узбекистонӣ осеб дидааст


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар пайи сӯхтор дар як коргоҳи таъмири чархи мошин дар шаҳри Актауи Қазоқистон ду шаҳрванди Узбекистон осеб дидааст.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон иттилоъ дода, ки ҳодиса шаби 13 феврал рух додааст. Дар ҳоли ҳозир сабабҳои сар задани сӯхтор муайян карда мешавад.

Расонаҳои маҳаллӣ хабар додаанд, ки шаҳрвандони осебдидаи Узбекистон пеш аз омадани кормандони наҷот ба беморхона интиқол дода шудаанд.

Бино ба маълумоти дарёфтӣ, аз 60 то 70 дарсади бадани узбекистониҳо сӯхтааст.

Шаҳрвандони Узбекистон дар шуъбаи эҳёгарии бемористон бистарӣ мебошанд ва вазъи онҳоро табибон вазнин арзбӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG