Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА паёми Путинро ба хатми ҷанг дар Украина рад кардааст


Сокинон аз харобаҳои шаҳри Бучаи Украина убур мекунанд.
Сокинон аз харобаҳои шаҳри Бучаи Украина убур мекунанд.

Хабаргузории Reuters бо такя ба се манбаи огоҳаш хабар дод, ки ИМА шартҳои Русияро барои боздоштани ҷанг дар Украина рад кардааст.

Хабаргузории Reuters бо такя ба се манбаи огоҳаш хабар дод, ки ИМА шартҳои Русияро барои боздоштани ҷанг дар Украина рад кардааст.

Ҳамсуҳбатони ин хабаргузорӣ гуфтаанд, ки Кремл дар паём ба Вошингтон изҳори омодагӣ кардааст, ки ҷангро ба шарти бознагардондани қаламравҳои ишғолияш дар Украина бас кунад.

Як мақоми баландпояи ҳукумати Русия ва манбаи Reuters, ки аз талоши муколамаҳо дар поёни соли 2023 ва аввали соли 2024 ба шарти фош нашудани номаш гуфтааст, ки “тамосҳо бо амрикоиҳо ҳеч натиҷа надоданд.”

Боз як манбаъ гуфтааст, ки ИМА тавассути миёнаравҳо ба Маскав гуфтааст, ки бе ширкати Киев имкони хатми ҷанги Украинаро баррасӣ намекунанд, аз ин хотир ин талошҳо бенатиҷа анҷомид. Манбаи сеюми огоҳ аз баррасиҳо низ гуфтааст, “талоши муколама бо амрикоиҳо ноком шуд.”

Айни замон манбаи хабаргузорӣ дар ИМА гуфт, ки миёни Маскаву Вашингтон тамоси бевоситаи расмӣ вуҷуд надорад ва таъкид кард, ки ИМА ҳеҷ гуна мавзӯи вобаста ба манфиатҳои Украинаро бо Русия бидуни ширкати Киев баррасӣ нахоҳад кард. Мақомоти Русия ин хабарро шарҳ намедиҳанд.

Дар гузашта дар бораи чунин гуфтугӯҳо хабаре нашр нашудааст. Кремл, Кохи Сафед, Департаменти давлатӣ ва Маркази истихбороти Амрико аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ мекунанд.

Ин бори аввал нест, ки аз талошҳои президенти Русия барои паём додан ба ИМА ва омодагӣ ба музокироти сулҳ хабар дода мешавад. Поёни моҳи январ хабаргузории Bloomberg бо такя ба ду манбаи наздик ба Кремл гуфт, ки Владимир Путин ба ИМА дар бораи омодагиаш ба гуфтушуниди сулҳ паём додааст.

Аз ин пеш нашрияи The New York Times навишт, ки Путин ба боздоштани низоъ дар Украина омода аст. Вале боз ҳам ба шарти бознагардондани қаламравҳои ишғолӣ. Худи Путин ҳам дар ин бора гуфтааст, аз “дастовардҳое”, ки дар Украина ҳосил шудааст, даст намекашад. Айни замон, Киеву Ғарбро дар ноком шудани талошҳои музокирот айбор кардааст.

Дар суҳбати ахираш бо хабарнигори амрикоӣ Такер Карлсон Путин гуфт, ки ИМА бояд таъмини Украинаро бо силоҳ бас кунад ва ин чиз ба хатми амалиёти ҷангӣ сабаб мешавад ва баъди ин мешавад ба созиш расид. “Агар хоҳиш бошад, роҳҳалҳо вуҷуд дорад”, гуфт Путин ва афзуд, ки Маскав ба муколама омодааст. Вале нагуфт, ки ба чӣ шарт.

Украина талаб дорад, ки артиши Русия аз тамоми қаламравҳои аз назари санадҳои байналмилалӣ эътирофшудаи украинӣ берун шавад. Инчунин дар ин кишвар гуфтушунид шахсан бо Путин расман манъ мебошад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG