Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарфармондеҳи артиши Украина нав шуд


Александр Сирский
Александр Сирский

Президенти Украина генерал-полковник Александр Сирскийро ба ҷойи Валерий Залужний сарфармондеҳи артиши ин кишвар таъйин кард.

Владимир Зеленский дар изҳороте аз 8-уми феврал иброз дошт, ки Сирский бомуваффақият аз шаҳри Киев ҳимоят намуда, дар амалиёти озодкунии Харков иштирок кардааст.

Сирскийи 58-сола зодаи Русия буда, аз соли 2019-ум фармондеҳи нерӯҳои заминии Украина буд.

Вақтҳои охир гузориш зиёд нашр шуда буд, ки Зеленский мехоҳад Залужнийро иваз кунад.

Зеленский дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст, ки пеш аз эълони тасмимаш бо Залужний суҳбати самимона дошт. Президенти Украина таъкид мекунад, ки аз Залужний хостааст дар тими вай бимонад.

XS
SM
MD
LG