Нашрия менависад, мақомоти Русия ба яке аз ниҳодҳои молӣ иҷоза додаанд, ки аз тақрибан 30 миллион доллари дар Русия бандмондаи Куриёи Шимолӣ 9 миллион доллари он ба Куриёи Шимолӣ баргардонида шавад.
Ин маблағҳоро эҳтимол Куриёи Шимолӣ барои харидани нафт харҷ кунад. Ба ҷуз ин, Русия ба Куриёи Шимолӣ иҷоза додааст, ки дар ҳудуди Осетияи Ҷанубӣ суратҳисоби бонкӣ кушояд. Гурҷистон Осетияи Ҷанубиро ҳудуди худ медонад, ки аз сӯи Русия ғасб шудааст.
Коршиносон мегӯянд, Русия дар давр задани таҳримҳо бо эҳтиёт ба Куриёи Шимолӣ кумак мерасонад. Дар сурати даъвои СММ ҷониби Русия метавонад, посух диҳад, ки дороиҳои Куриёи Шимолиро бонки хусусӣ аз ҳабс озод кардааст ва мақомоти Русия ба ин рабте надоранд.
Манобеи The New York Times гуфтаанд, Куриёи Шимолӣ мумкин аст, дар ивази ирсоли аслиҳа ва дигар муҳимоти ҷангӣ аз Русия талаби боз кардани дороиҳои таҳти таҳримашро кардааст.
Моҳи октябри соли 2023 мақомоти ИМА хабар доданд, ки Куриёи Шимолӣ ба Русия аслиҳа фиристодааст. Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ирсоли аслиҳа аз 7-уми сентябр то 1-уми октябр сурат гирифт.
Мақомоти амрикоӣ моҳи январ хабар доданд, ки Куриёи Шимолӣ ба Русия ҳамчунин маҷмаи мушакӣ ва мушакҳои болдор ирсол кардааст, ки дар ҷанг ба зидди Украина истифода мешаванд.