Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди Миср ба қатъи гуфтугӯҳои сулҳ бо Исроил


Харобаҳо дар навори Ғазза
Харобаҳо дар навори Ғазза

Қоҳира таҳдид кардааст, ки дар сурати ворид шудани артиши Исроил ба шаҳри Рафаҳи навори Ғазза, ҳаммарз бо Миср, гуфтугӯҳои сулҳ бо Телавивро қатъ хоҳад кард.

Ин таҳдид баъди он садо дод, ки сарвазири Исроил Бенёмин Натаняҳу гуфт, ворид шудани артиши кишвараш ба Рафаҳ барои пирӯзӣ дар ҷанг бо гуруҳи "Ҳамос", ки дар ИМА ва Иттиҳоди Аврупо террористӣ эълом шудааст, зарур мебошад.

Тақрибан ними аҳолии сокини Ғазза баъди оғози ҳамлаи заминии Исроил ба Рафаҳ паноҳ бурдаанд. Бештари фаластиниҳо дар хаймаҳо ва паноҳгоҳҳои СММ дар марз бо Миср ба сар мебаранд.

Созмонҳои башардӯстона ҳушдор медиҳанд, ки воридшавии артиши Исроил ба Рафаҳ вазъи фоҷеабори башардӯстона дар Ғаззаро сангинтар месозад.

Намояндагони "Ҳамос" ҳам гуфтаанд, ворид шудани артиши Исроил ба Рафаҳ, гуфтугӯҳои сулҳ бо Исроилро ба ҳам мезанад.

XS
SM
MD
LG