Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як рӯзноманигори қирғизро ҳабси хонагӣ карданд


Эрмек Аттокуров
Эрмек Аттокуров

Додгоҳи ноҳияи Свердлови Қирғизистон 10 феврал рӯзноманигор Эрмек Аттокуровро, ки қаблан аз сӯи пулис боздошт шуда буд, ҳабси хонагӣ кард.

Дар ин бора наздикони рӯзноманигор 11 феврал ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар доданд.

Дар хадамоти матбуотии додгоҳи Свердлов гуфтанд, ки рӯзноманигор бо дархости муфаттишони шуъбаи пулиси вилояти Чуй ҳабси хонагӣ шудааст.

Пулиси Чуй 9 феврал хабар дод, ки Аттокуров дастгир шудааст. Ӯ дар тамаъҷӯӣ аз як мансабдори ҳифзи ҳуқуқ ба маблағи 1 миллион сом муттаҳам аст. Рӯзноманигорро гӯиё ҳангоми гирифтани 100 ҳазор сом дастгир кардаанд.

Аттокуров пеш аз боздошташ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навишт, ки пулиси Чуй зидди ӯ ҳангомаеро омода мекунад.

XS
SM
MD
LG