Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як марди тоҷик барои латукӯби ҳамсараш


Маъмурони милиса дар ноҳияи Варзоб, канори шаҳри Душанбе, як марди 32-соларо дастгир кардаанд.

Ӯ ба задан ва расондани зарар ба саломати ҳамсари сисолааш муттаҳам аст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ин бора рӯзи 10-уми феврал хабар дод, вале номи марду ҳамсарашро нанавишт. Биноан, ба ҷуз иттилои расмӣ феълан ҷузъиёте дастрас нест.

ВКД дар иттилоияе мардро ба он муттаҳам кардааст, ки рӯзи 27-уми январи имсол ҳамсарашро “бе ягон асос бо истифода аз лулаи резинӣ (шланг) ва бо бераҳмии махсус латукӯб намуд.”

“Дар натиҷа, ҷабрдида бо мақсади худкушӣ бо корд банди дасти чапашро бурида, 30 доруи гуногун ва “Сирко” хӯрдааст,” -- навишт манбаъ.

Мақомот мегӯянд, зан заҳролуд шуда, дар ҳолати ванин ба бемористон бурда шудааст. Таҳқиқи ҳодиса ҳанӯз ҷараён дорад.

Бо вуҷуди қабули баъзе аз барномаҳо барои маҳви хушунати хонаводагӣ, бадрафториву озору азияти занон дар Тоҷикистон зиёд мушоҳида мешавад.

Ҳомиёни ҳуқуқи занон бовар доранд, ҷабру зулму зӯроварӣ ба зан дар кишвар як “расми маъмул” шудааст ва талоши ҳукумат барои решакан кардани он кофӣ нест.

XS
SM
MD
LG