Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомии ҳуқуқи муҳоҷиронро дар зиндон танбеҳ додаанд


Баҳром Ҳамроев
Баҳром Ҳамроев

Ҳомии ҳуқуқ ва узви зиндонии созмони "Мемориал" Баҳром Ҳамроевро, ки дар гузашта аз ҳаққи муҳоҷирони корӣ ва гурезаҳо дар Русия ҳимоят мекард, дар утоқи танбеҳ ё ШИЗО ҷой кардаанд.

Хабаргузории Mediazona аз қавли ҳамсари ҳомии ҳуқуқ, Зуҳро, сабаби тасмимро “вайрон кардани қоидаи либоспӯшӣ дар маҳбас” навишт.

Хонум Зуҳро гуфтааст, дар рӯзҳое, ки “ба Ҳамроев дору надоданд” ва “ӯ аз дард ранҷ мекашид, ночор либосашро аз тан бадар карда буд”.

Пештар хабар расид, ки ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон аз тарафи зиндонбонҳо латукӯб шудааст. “Ба пою гурдаҳояш задаанд ва ӯ аз зарба ба сар аз ҳуш рафтааст", - гуфт ҳамсари ҳомии ҳуқуқ.

Баҳром Ҳамроев моҳи феврали соли 2022 дастгир дар соли 2023 ба 14 сол зиндон маҳкум шуд. Ӯро ба "даъвати оммавӣ ба терроризм" муттаҳам карданд.

Ба иттилои Хадамоти Федеролии Амнияти Русия, ФСБ, Ҳамроев дар шабакаҳои иҷтимоӣ маводи вобаста ба “Ҳизби Таҳрир”-ро нашр кардааст. Фаъолияти ин созмони динӣ дар ҳудуди Русия мамнуъст. Ҷонибдоронаш боздошту ҳукми ӯро ба фаъолиятҳои иҷтимоияш пайванд медиҳанд.

XS
SM
MD
LG