Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба шаҳри Рафаҳ


Исроил рӯзи 10-уми феврал ҳамлаҳои ҳавоиро ба шаҳри марзӣ ва сераҳолии Рафаҳ дар Навори Ғазза сар кард. Онҷоро паноҳгоҳи охирини фаластиниёни овора медонанд.

Ҳамлаҳо пас аз он сурат гирифтанд, ки сарвазири Исроил, Бенямин Нетаняҳу, ба нерӯҳои кишвараш дастур дод, ба амалиёт омода шаванд.

Тақрибан 1 миллиону 300 ҳазор фаластинӣ дар шаҳри Рафаҳ, дар наздикии сарҳад бо Миср, паноҳ ёфтаанд.

Тасмими Исроил маҳкумиятҳои созмонҳои мудофеъ ва Вашингтонро ба бор овард. Мақомоти Исроил бовар доранд, ки баъзе аз ҷангҷӯёни "Ҳамос" (Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ медонанд) дар Рафаҳ пиншон шудаанд.

Аз оғози ҷанги охир миёни "Ҳамос" ва Исроил дар Навори Ғазза, ки рӯзи 7-уми октябри соли гузашта оғоз шуд, то кунун 1200 исроилӣ ва наздик ба 30 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд.

Талошҳо барои барқарории оташбас миёни ҷонибҳо то кунун бенатиҷа будааст.

XS
SM
MD
LG