Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъоли қарақалпоқиро дар фурудгоҳи Варшава "бе обу ғизо" нигоҳ доштаанд


Наврӯзбой Менлибоев
Наврӯзбой Менлибоев

Созмони "Freedom for Eurasia" (Озодӣ барои АвруОсиё) мегӯяд, фаъоли қарақалпоқистонӣ Наврӯзбой Менлибоевро бо ҳамсару тифли яксолааш дар боздоштгоҳи фурудгоҳи Варшава 12 соат бе обу хӯрок нигоҳ доштаанд.

Ба иттилои созмон, мақомоти Австрия ба дархости паноҳандагии Менлибоев, ки аз тарафи Узбекистон таъқиб мешавад, посухи рад дода, ӯро 8-уми феврал ҳамроҳи хонаводааш ба Лаҳистон ихроҷ кардаанд.

“Ин хонавода аз соати 5-и субҳи 8-уми феврал дар роҳ буданд. Онҳо аз Вена ба Варшава парвоз мекунанд ва баъд аз расидан дасти кам 12 соат дар боздоштгоҳи фурудгоҳ нигаҳдорӣ мешаванд. Бо вуҷуди доштани кӯдаки ширмак ба онҳо обу ғизо намедиҳанд,” - омадааст дар изҳороти созмон.

“Freedom for Eurasia” аз мақомоти Лаҳистон даъват кардааст, ки барои гурезаи қарақалпоқистонӣ ҳадди ақал дар давраи баррасии дархости паноҳандагияш шароити муносиб фароҳам кунанд.

Наврӯзбой Менлибоев пас аз оғози боздошти фаъолони қарақалпоқистонӣ дар Қазоқистон ба Аврупо паноҳ бурдааст.

XS
SM
MD
LG