Блогер ва дӯстонашро бо моддаи "иҷро накардани талаби қонунии корманди мақомоти пулис", "мухолифат бо иҷрои вазифаи хидматии корманди пулис" айбдор карданд.
Бино ба иттилои муфаттишон, Аброр Мухтор Алӣ ҳамроҳи дӯстонаш рӯзи 6-уми феврал "дар бинои ҳукумати ноҳияи Шайхонтоҳури шаҳри Тошканд ҷанҷол кардаанд". Пулис ба ҷойи ҳодиса рафта, блогер бо дӯстонаш ба амри қонунии пулис итоат накардаанд.
Аброр Мухтор Алӣ моҳи феврали соли 2023 бо айби паҳн кардани иттилои бардурӯғ нисбат ба блогери дигар Никита Макаренко ҷарима шуда буд.
Ҳамчунин, Фозилхоҷа Орифхоҷаев - блогери дигари узбекистонӣ баъд аз ҷанҷол бо Аброр Мухтор Алӣ 7,5 сол зиндонӣ шуда буд.
Аброр Мухтор Алӣ дар шабакаи YouTube зиёда аз 700 ҳазор пайгир, дар Instagram наздик ба 1 миллион ва дар Telegram қариб 100 ҳазор пайгир дорад. Вай бештар маврид маълумоти ҷанҷолбарангез нашру паҳн мекунад.