Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳори назари Ҷабборов дар бораи рӯзноманигорони боздоштшуда


Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) дар мусоҳибааш бо хабаргузории "Кабар" боздошти 11 рӯзноманигорро шарҳ дод.

"Дар Қирғизистон озодии баён ҳаст. Онҳое, ки мегӯянд, вазъ бад шудааст, худи онҳо манфиатдори бад шудани вазъ ҳастанд. Онҳо пушти ибораҳои "озодии баён" пинҳон мешаванд ва бадкорӣ мекунанд. Онҳо патриотҳои дурӯғин ҳастанд", - гуфт Ҷабборов.

Вай афзудааст, "тарғиботи фаъолонае идома дорад", ки "ҳадаф барангехтани тафаккури интиқодӣ миёни мардум аст ва хилофи давлат, одат ва анъанаҳои мост".

Ҷабборов гуфтааст, агар ҳукумат ба озодии баён ҳамлаи ноодилона медошт, мардум ба зиддаш бармехест.

Дар миёнаҳои моҳи январи имсол дар Қирғизистон якбора 11 рӯзноманигори тими TemirovLIVE боздошт шуданд, ки онҳо ба таҳқиқоти рӯзноманигорӣ дар бораи фасодзадагии намояндагони ҳукумати Қирғизистон машғул буданд. Додгоҳ онҳоро ду моҳ ба ҳабс гирифт.

XS
SM
MD
LG