Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як навраси танҳои тоҷикро аз Русия ба Душанбе овардаанд


Як навраси танҳомондаи тоҷикро аз Русия ба назди пайвандонаш ба Душанбе овардаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, ин кор рӯзи 4-уми феврали имсол тибқи Созишномаи Кишинёв сурат гирифт.

Ба иттилои расмӣ, наврас дар Русия "бепарастор монд", вале дар бораи сарнавиштаи волидонаш ҳарфе гуфта нашудааст.

Аз аввали имсол дар умум 9 шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон аз хориҷа ба кишвар баргардонида шуданд.

Русия макони асосии кору зиндагии садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аст. Аксари онҳо бо ҳамсару фарзандони худ дар онҷо ҳастанд.

Дар сурати боздошту ҳабс, марги волидон ва даст кашидан, кӯдакони онҳо танҳо ё бе парастор шумурда мешаванд.

Аз ҷумла, тобистони соли 2023 се тифлеро аз Русия ба Тоҷикистон оварданд, ки модаронашон онҳоро ба дунё оварда, вале партофта рафтаанд.

XS
SM
MD
LG