Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи маргбор ба як идораи пулис дар Покистон


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Мақомоти Покистон гуфтанд, даҳҳо ҷангҷӯ субҳи 5-уми феврал ба як идораи пулис дар Дараи Исмоилхон ҳамла карда, дастикам 10 афсари пулисро куштанд ва аз ҷойи ҳодиса гурехтанд.

Шаш пулиси дигар захмӣ шудааст.

Ин минтақа дар вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ ҷойгир аст, дар наздикии сарҳад бо Афғонистон.

Ҳамла ҳамагӣ се рӯз пеш аз интихобот дар Покистон сурат гирифт.

Пулиси маҳаллӣ гуфт, нерӯҳои амниятӣ ҳамлагаронро ҷустуҷӯ доранд.

Покистон тайи чанд моҳи охир шоҳиди афзоиши ҳуҷуми ҷангҷӯён шудааст.

Рӯзи 5-уми декабри соли гузашта бар асари як ҳамлаи маргталабона (интиҳорӣ) дастикам 23 сарбоз кушта, 32 нафари дигар захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG