Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи "Грэммӣ"-ро дар бахшҳои асосӣ бонувон гирифтанд


Ҷоизаи мусиқии "Грэммӣ"-ро дар бахшҳои асосӣ бонувон соҳиб шуданд.

Маросими тақдими ҷоизаҳо шаби 4-уми феврал дар шаҳри Лос-Анҷелес гузашт.

Беҳтарин албоми сол "Midnights"-и Тейлор Свифт эълом шуд.

Вай нахустин сарояндае гашт, ки бори чаҳорум бо ҷоизаи мазкур қадрдонӣ мешавад.

Свифт ҳангоми қабули ҷоиза гуфт, ки албоми наваш моҳи апрели имсол нашр мешавад.

Билли Айлиш бо суруди "What Was I Made For?" аз филми "Барби" дар бахши "Суруди сол" баранда шуд. Бори аввал аст, ки суруди як филм баъд аз таронаи "My Heart Will Go On"-и Селион Дион аз "Титаник", ки дар соли 1999 барандаи ҷоизаи "Грэммӣ" шуда буд, беҳтарин дониста мешавад.

Майли Сайрус бо суруди "Flowers" ҷоизаро дар бахши беҳтарин сабт ба даст овард. Виктория Моне беҳтарин иҷрокунандаи нави сол эътироф шуд.

XS
SM
MD
LG