Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CPJ аз Остона хост, ба хабарнигорони "Озодӣ" иҷозаи кор диҳад


Созмони Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (Committee to Protect Journalists, CPJ) тамдид накардани иҷозаи кори хабарнигорони бахши қазоқии Радиои Озодиро дар Қазоқистон маҳкум кард.

Ин созмон, ки дар шаҳри Ню-Йорки ИМА ҷойгир аст, аз мақомоти Қазоқистон хост, ба хабарнигорон иҷозаи кор диҳад ва барои фаъолияти озодонаи онҳо шароит фароҳам оварад.

"Бахши қазоқии Радиои Озодӣ бо гузоришҳои барҷаста ва боэътимодаш машҳур аст. Якбора ба ҳамаи кормандони Радио надодани иҷозатномаи кор, бо баҳонаҳои беасос, нигарониҳоро ба бор меорад ва изҳороти президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаевро зери суол мебарад, ки гуфта буд, ба озодии баён содиқ мемонад", - гуфт Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаҳои CPJ дар мавриди Аврупо ва Осиёи Марказӣ.

Ин изҳорот дар ҳолест, ки Бахши қазоқии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон Вазорати корҳои хориҷии он кишварро пештар ба додгоҳ кашида буд.

Радио дар шикояташ гуфтааст, қарори ВКХ дар бораи қатъи иҷозатномаи фаъолияти хабарнигорони Радиои Озодӣ ғайриқонунӣ дониста ва бекор карда шавад.

Рӯзи 3-юми январ Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон бо ирсоли номае ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ хабар дод, ки "иҷозатномаи кори 36 корманди радиоро тамдид намекунад".

Вазорат он замон гуфта буд, ки баъзе аз хабарнигорони радио бе иҷозатнома корро идома додаанд ва ҳамчунин радио аз сӯи додгоҳи қазоқистонӣ дар моҳи ноябри соли 2023 бар асоси моддаи "дурӯғпароканӣ" ҷарима шудааст.

Радио дар шикояташ аз додгоҳ хостааст, ки далелҳои вазорат беасос эътироф ва қарори он бекор карда шавад.

XS
SM
MD
LG