Дар ИМА як зода ва як шаҳрванди Узбекистонро дар қаллобӣ ва найранг дар бахши муҳоҷират айбдор мекунанд. Додситонии ИМА мегӯяд, мумкин аст, онҳо зиндонӣ шаванд.
Ба иттилои додситонӣ, зодаи Узбекистон ва ҳоло шаҳрванди ИМА Абдувосит Розиқови 44-сола ва шаҳрванди Узбекистон Дилрабо Обидоваи 35-сола забон як карда, давоми бештар аз 16 сол барои дарёфти имтиёзҳои муҳоҷиратӣ ва шиносномаи ИМА ба мақомоти он кишвар иттилои бардурӯғ додаанд.
Дар сурати исботи гуноҳ Обидова ва Розиқов бар асоси айби тавтиа то 5 сол ва бар асоси айби қаллобӣ то 10 сол зиндонӣ хоҳанд шуд.
Обидова ҳамчунин мумкин аст барои пешниҳоди иттилои бардурӯғ то 5 сол ва барои талоши бо роҳҳои ғайриқонунӣ дарёфти шаҳрвандии ИМА то 10 сол зиндонӣ шавад.
Бино ба айбномаи додситонии ИМА, Розиқов бо як шаҳрванди ИМА издивоҷи сохтакорона анҷом ва аз ин тариқ соҳиби шиносномаи ИМА шудааст.
Розиқов ба Обидова кӯмак кардааст, ки бо шаҳрванди дигари ИМА издивоҷи сохтакорона барпо кунад ва соҳиби имтиёзҳои муҳоҷиратӣ шавад. Дар ниҳоят Розиқов ва Обидова пинҳонӣ бо ҳам издивоҷ карда ва ин издивоҷро аз мақомоти муҳоҷиратии ИМА пинҳон доштаанд. Обидова аз Розиқов соҳиби фарзанд шуда, аммо номи шавҳари тақаллубии амрикоияшро ба фарзандонаш додааст. Ин сохтакориҳо боис шудааст, ки Розиқов ва Обидова ҳангоми дарёфти санадҳои иқомат чанд иттилои бардурӯғ пешниҳод кардаанд.