Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири ИМА гуфт, тоҷикон ба Амрико қонунӣ ва масъулона сафар кунанд. ВИДЕО


Мануэл Микаллер, сафири ИМА дар Тоҷикистон
Мануэл Микаллер, сафири ИМА дар Тоҷикистон

Мануэл Микаллер, сафири ИМА дар суҳбати вижа бо Радиои Озодӣ гуфт, аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват мекунад, ки бо роҳи қонунӣ талоши вуруд ба Амрикоро кунанд.

Хабар мерасад, ки даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон бидуни раводид ё виза талоши вуруд ба хоки Амрикоро мекунанд.

Сафир гуфт, ин роҳи дуруст нест ва тоҷикон бояд аз роҳҳои қонунӣ вориди ИМА шаванд.

Мануэл Микаллер дар ин суҳбат аз ҳамкориҳояш бо ҳукумати Тоҷикистон, пуштибониаш аз озодии сухан ва кумакҳо барои беҳтар шудани шароити зист дар ин кишвар гуфт.

Мануэл Микаллер: Аз замони баргаштан ба Тоҷикистон, дар моҳи феврали соли ҷорӣ, ман вақти худро барои шиносоӣ бо кишвари бузурги шумо сарф кардам. Бо мақомоти давлатӣ, намояндагони ВАО, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хатмкунандагони барномаҳои амрикоӣ мулоқот кардам. Ҳама он чизе, ки мо дар ин ҷо якҷоя амалӣ карданӣ ҳастем, ба риштаҳои пайванди байни одамон вобаста аст, ки мо умед дорем, онҳоро бунёд мекунем. Ман вақти зиёдеро дар ин ҷо дар Душанбе гузаронидам ва бо тоҷикон мулоқот кардам, инчунин имкон пайдо кардам, ки вилояти Суғд ва инчунин ба ноҳияи Панҷ сафар кунам. Умедворам, ки сафарҳои худро дар саросари Тоҷикистон ва мулоқоту вохуриҳо бо мардуми тоҷикро идома медиҳам.

Радиои Озодӣ: ИМА ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар сиёсати хориҷии худ чӣ гуна матраҳ мекунад? Тоҷикистон чӣ ҷойгоҳе дар ин сиёсат дорад?

Мануэл Микаллер: Ҳамкории қавии ИМА бо Тоҷикистон таърихи сӣ сола дорад. Амрико яке аз нахустин кишварҳое буд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф кард ва сафорати худро дар инҷо кушод. Таваҷҷӯҳи пайвастаи шарикии мо ва сиёсати Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон аз дастгирии соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва истиқлолияти кишвари шумо иборат буд. Аз ин рӯ, мо бо ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми тоҷик дар рӯи ҳадафҳои муштараки худ оид ба эҷоди ояндаи беҳтар, баланд бардоштани имкониятҳо ва интихоби иқтисодӣ, дар соҳаҳои гуногун кор мекунем. Муносибатҳои мо васеъ шуда истодаанд. Мақсади ман ин аст, ки минбаъд ҳам роҳҳои мустаҳкам намудани дустӣ ва шарикиро пайдо кунам.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Сафири ИМА гуфт, тоҷикон набояд аз роҳи Мексика ба Амрико раванд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:13:08 0:00

Радиои Озодӣ: Давраи маъмурияти шумо ба замоне рост омад, ки озодии матбуот ва мурооти ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро танқид мекунанд, назари шумо дар ин маврид чӣ аст?

Мануэл Микаллер: Иёлоти Муттаҳида ба ҳуқуқи инсон афзалият медиҳад. Ин барои кишвари мо муҳим аст, мо дар саросари ҷаҳон дар ин бора суҳбат кардем ва бо ҳукумати Тоҷикистон низ дар ин робита суҳабт доштем. Ин як барномаи мувофиқашуда дар муносибатҳои дуҷонибаи мо аст ва ман аз он ифтихор дорам, ки мо метавонем бо ҳукумати Тоҷикистон чунин суҳбатҳои ошкоро дошта бошем. Мо бо ҳукумати Тоҷикистон ҳадафи муштарак дорем, то ин кишварро дар тамоми соҳаҳо таҳким бахшем. Мо боварии комил дорем, ки ҷанбаи инсонӣ, озодии эътиқод, озодии матбуот, тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷузъи калидии пешрафт ва рушди ҳар кишвар мебошад. Суҳбатҳои мо ба ҳамин асос ёфтаанд. Мо ҳамчун дӯст ва шарик кор карда, барои расидан ба ҳадафҳои муштарак барои беҳбудии ин кишвар кушиш дорем.

Радиои Озодӣ: Бо мақомоти тоҷик дар мавриди боздошти рӯзноманигорон ва мушкили додани иҷозатнома ё парвонаи кори хабарнигорони Радиои Озодӣ суҳбатҳое доштед?

Сарвинози Руҳулло, хабарнигори Радиои Озодӣ ҳангоми суҳбат бо Мануэл Микаллер, сафири ИМА
Сарвинози Руҳулло, хабарнигори Радиои Озодӣ ҳангоми суҳбат бо Мануэл Микаллер, сафири ИМА

Мануэл Микаллер: Ман санаи 4-уми июл дар ҷашни Рӯзи истиқлолияти ИМА изҳороти оммавӣ доштам, ки дар бораи таҷрибаи Амрико ва чаро мо ба муҳимияти озодии расонаҳои мустақил боварии қавӣ дорем, сухан кардам. Бидуни ҷузъиёти мушаххаси иртиботи ҳукумат бо ҳукумат, ман метавонам шуморо итминон диҳам, ки мо ин гуфтугӯҳоро бо ҳукумат доштем. Ин боз як масъалаи мувофиқашудаи мо аст. Мо метавонем ин мавзуро боз ҳам матраҳ кунем ва нигаронии худро баён кунем. Ман суҳбатамонро бо изҳори сипос ба шумо ва Радиои Озодӣ барои корҳое, ки мекунед, оғоз кардам. Аз фурсат истифода бурда, мехоҳам ба ҳамаи рӯзноманигорони ин ҷо, дар Тоҷикистон, барои кори муҳиме, ки шумо барои мардуми тоҷик анҷом медиҳед, ташаккур гӯям.

Радиои Озодӣ: Амрико таҳдидҳо аз Афғонистон ба амнияти Осиёи Марказиро то кадом андоза ҷиддӣ медонад?

Мануэл Микаллер: Фикр мекунам, ки ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаро як ҳадафи дигар дар ҳифзи тамомияти арзии ин кишвар муттаҳид мекунад. Ба вижа ҳамкорӣ барои таҳким ва амнияти марзӣ бо Афғонистон. Тоҷикистон бо таҳдидҳои ба мисли қочоқи маводи мухаддир ва гурӯҳҳои ифротӣ, ки метавонанд ба ин марз ворид шаванд, рӯбарӯ аст. Мо таърихи тӯлонии ҳамкорӣ дорем ва минбаъд низ кумакҳои худро дар ин бахш идома медиҳем. Дар муддати кӯтоҳе, ки ман инҷо ҳастам, аллакай ду маротиба ба сарҳади Афғонистон сафар доштам, то вазъияти марз, мушкилот ва хатарҳоеро, ки кишвари шумо бо он рӯбарӯ аст, мушоҳида кунам. Ман инчунин мехоҳам аз фурсат истифода бурда, ба ҳукумати Тоҷикистон барои дастгирӣ ба мардуми Афғонистон, мусоидат ба расонидани кумакҳои башардӯстона аз сарҳад ва махсусан, барои таъмини пайваста бо интиқоли нерӯи барқ ба мардуми Афғонистон, изҳори сипос намоям.

Ҳолномаи Сафири Амрико дар Тоҷикистон

Мануэл Микаллер, корманди аршади Хадамоти хориҷии ИМА бо рутбаи вазир-мушовир, 22 июни соли 2022 ба вазифаи сафири ИМА дар Тоҷикистон таъин шуда, аз ҷониби Сенати ИМА 13 декабри соли 2022 тасдиқ карда шуд. Ӯ 23 феврали соли 2023 вориди Тоҷикистон шудааст. Ҷаноби Микаллер аз соли 2019 то 2022 ба ҳайси муовини роҳбари намояндагии Сафорати ИМА дар шаҳри Катмандуи Непал кор кардааст. Аз соли 2016 то соли 2019 муовини роҳбари намояндагии сафорати ИМА дар шахри Улан-Батори Муғулистон буд. Қаблан ӯ муовини директори Дафтар оид ба масоили Ҳиндустон дар Бюрои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ кор кардааст; баъд аз он ба ҳайси мудири шӯъбаи сиёсӣ ва иқтисодӣ, баъдан иҷрокунандаи вазифаи муовини роҳбари намояндагӣ дар шаҳри Душанбе адои вазифа намудааст. Микаллер дорои дараҷаи бакалаври Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, дараҷаи магистр дар соҳаи идоракунии соҳибкории Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон ва хатмкардаи аълои Коллеҷи Ҷанги Миллӣ бо дараҷаи магистр дар стратегияи амнияти миллӣ мебошад. Дар баробари забони англисӣ, забонҳои тоҷикӣ ва русиро низ медонад.

Радиои Озодӣ: Оё Амрико нияти қабул кардани муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистонро дорад? Зеро ахиран бархе аз кишварҳо аврупоӣ аз омодагии худ барои пазириши муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Миёна хабар доданд.

Мануэл Микаллер: Равиши бунёдие, ки мо дар ин ҷо дорем, ин аст ки мо чигуна метавонем аз соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти Тоҷикистон пуштибонӣ кунем. Яке аз бахшҳое ки мо ба он аввалият медиҳем ин сохибихтиёрии иқтисодӣ мебошад. Яъне ба мардуми тоҷик интихоб ва имконоти иловагӣ додан аст. Мо барномаҳои гуногуни мубодила барои тоҷикон дорем, ки асосан ба таҳсилот ва такмили ихтисос нигаронида шудаанд. Яке аз ҳадафҳои ман дарёфти роҳҳои тавсеаи ин барномаҳост, то ба тоҷикон имконоти зиёдтар диҳанд, ки фарҳанги амрикоиро таҷриба кунанд ва аз низоми таълимии Амрико баҳра баранд. Ман суҳбате доштам, бо хатмкардагони барномаҳои амрикоӣ, ки дар Тоҷикистон ҳастанд. Онҳо дар бунёди ҷомеаҳои худ таҷрибаи омӯхтаашонро истифода мебаранд. Ин чизест, ки ман аз он хеле ифтихор мекунам ва мехоҳам бештар аз он бубинам.

Радиои Озодӣ: Ахиран рафту омади шаҳрвандони кишварҳои дигар, аз ҷумла аз Тоҷикистон ба Амрико тариқи қаламрави Мексика зиёд шудааст. Оё ин масири қонунӣ ва дуруст ва шумо ба касоне, ки мехоҳанд аз ин роҳ худро ба Амрико расонанд, чӣ маслиҳат медиҳед?

Мануэл Микаллер: Ман дақиқан бо ҳар як ҳолати ҷудогона ошно нестам, аммо ман ду андеша дорам, ки онро ба бинандаҳои шумо баён мекунам. Якум, муҳим аст, ки мо марз ва қонунҳои якдигарро эҳтиром кунем. Ман тоҷиконро таъкид мекунам, ки ба тариқи қонунӣ вориди Иёлоти Муттаҳида шаванд. Иёлоти Муттаҳида мисли Тоҷикистон қонунҳои раводид ва талаботи вуруд ба давлат дорад, ки мо аз мардум хоҳиш мекунем, онҳоро эҳтиром кунанд. Шуъбаи консулии мо дар ин ҷо дар Сафорати ИМА дорои маълумоти онлайнӣ аст ва метавонад ба саволҳо дар бораи раванди дархости раводиди ғайримуҳоҷиратии ИМА ва талаботи вуруд ҷавоб диҳад. Паёми дуввуми ман ин аст, ки мо сафарро бо масъулият ва бехатар анҷом диҳем ва шаҳрвандони худро зери хатар нагузорем.

Радиои Озодӣ: Сафорати ИМА дар Тоҷикистон эълон кард, ки ба ғолибони лотереяи “Грин корт” аз Душанбе виза медиҳад. То кунун шумо чӣ қадар раводид ё виза ба барандагони “Грин корт” ё “Корти сабз” додаед?

Мануэл Микаллер, сафири ИМА
Мануэл Микаллер, сафири ИМА

Мануэл Микаллер: Ман аз он ифтихор дорам, ки мо коркарди раводиди муҳоҷиратро дар ин ҷо, дар сафорати Амрико дар Душанбе, оғоз кардем. Оморҳо аз интизориҳои пешакии мо зиёданд, аз ин рӯ ҳаҷми бузурги раводид пеш аз мӯҳлат дода шуд. Ҳамчунин нисбати раводидҳои “DV”, рақамҳо имсол хеле хубанд. Коркарди раводиди муҳоҷират дар Душанбе, намунаи комили он чизест, ки мо дар ин равобит бо Тоҷикистон талош дорем. Дар робита ба гурӯҳи шахсони мушаххасе, ки раводиди DV гирифтаанд, гуфта метавонам, ки ин як раванди лотерея аст, бинобар ин дар он интихоби тасодуфӣ вуҷуд дорад, ки мо рақамҳои мушаххаси онҳое ки чунин визаро дарёфт кардаанд, рӯи даст надорем.

Радиои Озодӣ: Аз суҳбатҳои шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълум аст, талош доред бо забони тоҷик бештар сӯҳбат кунед. Ин ба шумо то чи андоза муҳим аст?

Мануэл Микаллер: Албатта барои ман ин хеле муҳим аст. Пеш аз ҳама, барои он, ки забони тоҷикӣ зебост ва хеле таърихи бой дорад. Ман аз хондан ва мутолиаи шоирони шумо лаззат мебарам. Ин барои кори ман хеле муҳим аст, зеро ин боз ба қобилияти муошират ва иртибот бо мардуми тоҷик, ҳукумати Тоҷикистон, шарикони мо дар ин ҷо вобаста аст. Тавре ки шумо, шояд, медонед, ман пеш, солҳои зиёде дар кишвари зебои шумо зиндагӣ ва кор кардам. Аз соли 2010 то 2013 дар ин ҷо корманди Шуъбаи сиёсӣ ва иқтисодии сафорат будам. Бозгашт ба Тоҷикистон хеле хуб аст ва яке аз ҳадафҳои шахсии ман ин аст, ки дубора ба омӯзиши забон вақти худро сарф кунам, то малакаҳои забони тоҷикии худро ба он ҷое, ки 10 сол пеш буданд, баргардонам. Омухтани забону фарҳанги Тоҷикистон ҳамчун, як роҳи эҳтиром ба мардуми тоҷик, хеле муҳим аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG