Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Онҳо байни замину осмон мондаанд". ВИДЕО


200 ҳазор сокини Амрико - шаҳрванди "нокуҷо"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:51 0:00

Дар пайи суқути ҳукуматҳо дар натиҷаи ҷанг ё пошхӯрии давлатҳои мисли Иттиҳоди Шӯравӣ дар сайёра даҳҳо ҳазор нафар ба афроди бидуни шаҳрвандӣ табдил шудаанд.

Танҳо дар ИМА беш аз 200 ҳазор касе зиндагӣ мекунад, ки мақоми бешаҳрвандӣ доранд.

Карина Амбартсумян-Клоу яке аз садҳо сокини бидуни шаҳрвандии Амрико аст. Ӯ мегӯяд, “дар кишваре таваллуд шудааст, ки дигар вуҷуд надорад.”

Дар ИМА мисли Карина 218 ҳазор нафар шаҳрвандии ҳеҷ кишварро надорад. Ҳамакнун вазорати дохилии ИМА мехоҳад аз лиҳози ҳуқуқӣ мафҳуми “шахси бешаҳрвандӣ”-ро дар чаҳорчӯби ҷараёнҳои муҳоҷират таъин канад.

“Онҳо барои эътирофи мақоми шахсони мисли мо дар ин кишвар кори муҳиме анҷом медиҳанд”- гуфт, Карина Амбартсумян-Клоу. Ӯ соли 1988 дар шаҳри Одессаи Украина таваллуд шудааст.

"Миллати ман ба хотири волидонам фарқ мекунад - нисфам арманию нисфи дигарам украинӣ аст. Ҳамин чиз як мушкил пеш овард. Падарамро барои миллаташ дар Одессаи Украина азият карданд ва модарам дар як латукӯбе дар зодгоҳи падарам исқоти ҳамл кард”.

Оилаи Карина нахуст ба Канада ва аз он ҷо соли 1996 ба ИМА кӯчид. Аризаи паноҳҷӯии онҳоро рад карданд. То он замон Иттиҳоди Шӯравӣ барҳам хурду Украина ба давлати мустақил табдил шуд. “Вақте мо ба сафорати Украина барои гирифтани шиноснома рафтем, он ҷо гуфтанд, ки “мо шуморо чун шаҳрванди худӣ эътироф намекунем.”- афзуд, вай.

Шахсони бидуни шаҳрвандӣ дар ИМА ҳеҷ санади ҳуқуқие чун далели расмии шинохти шахсияташонро надоранд.

Карина Амбартсумян-Клоу гуфт, “Фақат як санаде, ки шахсияти маро исбот мекунад, шаҳодатномаи таваллуд аст ва он ҳам дар кишваре дода шудааст, ки дигар вуҷуд надорад. Шаҳодатномаи таваллуди шӯравии ман бо тарҷумаи нотариус аст. Ҳамааш ҳамин”.

Бисёр дигарҳо ҳаминро ҳам надоранд. Бидуни санад онҳо на кори расмӣ ва на манзиле барои зист пайдо карда метавонанд.

Маргарет Сток, вакили муҳоҷирон гуфт: “Онҳо байни замину осмон мондаанд. Дар амал сокини ИМА ҳастанд, вале мо барои онҳо ҳеҷ роҳҳалле ёфта наметавонем”

Иқдоми нави вазорати корҳои дохилии Амрико номи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти инсонро маълум мекунад, ки метавонад баъдан барои шахсони бешаҳрвандӣ дар таъини мақоми ҳуқуқӣ ё гирифтани грин корташон мусоидат кунад. “Шахсони бешаҳрвандӣ ҳар замоне, ки бояд ҳуввияти худро исбот кунанд ва ё барои гирифтани корти сабз муроҷиат кунанд, дучори мушкил мешаванд, чунки ҳеҷ санаде аз кишвари худ надоранд” – афзуд, Маргарет Сток, вакили муҳоҷирон.

Айни замон, шахсони бешаҳрвандӣ ба дигар ҷо ихроҷ шуда наметавонанд, чунки ба ҳеҷ кишваре марбут нестанд. Қонунҳои байналмилалӣ ҳам дар ин замина такмилшуда нестанд. Баъзе кишварҳо бар асоси таваллуд дар кишваре шаҳрвандӣ медиҳанд, дигарҳо на. Ба гуфтаи Маргарет Сток дар натиҷа, то охири умр ин нафарон бе ҳеҷ шаҳрвандӣ мемонанд.

Ҳанӯз маълум нест, ки бар асоси қоидаҳои нав ба афроди бешаҳрвандӣ шиносномаҳои дохилӣ ваё ҳақи расмии кор медиҳанд ё на. Карина умедвор аст, ки дар натиҷа мақоми муаллақи шахсони мисли ӯ аз байн меравад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG