Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кабӯтари гумонбар дар ҷосусиро баъди 8 моҳ озод карданд


Полиси Ҳинд як кабӯтареро, ки бо иттиҳоми ҷосусӣ дар қафас нигаҳдорӣ мешуд, озод карданд. Ин паранда давоми 8 моҳ дар қафас буд.

Кабӯтарро дар назди соҳилҳои Мумбай моҳи маи соли 2023 қапиданд. Дар ду пояш ду ҳалқа ва дар қисмати дохилии ҳарду қаноташ навиштаҳое монанд ба забони чинӣ ошкор шуд. Полис кабӯтарро дар ҷосусӣ гумонбар донист ва онро ба беморхонаи ҷонварон дод.

Таҳқиқ маълум кард, ки ин паранда аз як мусобиқаи кабӯтарҳо дар Тайван фирор кардааст.

Фаъолон истифодаи ҷонваронро бо ҳадафи қимору бозӣ маҳкум мекунанд. Баъди таҳқиқ полис кабӯтарро сафед кард ва иҷоза дод, ки онро озод кунанд. 30 январ кабӯтарро раҳо карданд.

XS
SM
MD
LG