Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номи муовини нави Рамазон Раҳимзода маълум шуд


Бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон
Бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Номи як муовини нави вазири корҳои дохилии Тоҷикистон маълум шуд.

Бар асоси қарори ҳукумат аз 2-юми феврал, Ғайратшо Муборакшозода ноиби Рамазон Раҳимзода таъйин гардидааст. Зоҳиран ӯ ба курсии холишудаи Саиднахш Раҳмонзода нишаст.

Саиднахш Раҳмонзодаро рӯзи 27-уми январи имсол бо сабаби “гузаштан ба кори дигар” аз мансаби муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гирифтанд. Ӯ рӯзи дувуми феврал сардори Муассисаи нақлиётии ВКД шуд.

Номи Ғайратшо Муборакшозода дар моҳи майи соли 2022 ва дар пайи эътирози гурӯҳе аз сокинон дар шаҳри Хоруғ расонаӣ шуд.

Мақомот дар эъломияе гуфтанд, ки дар пайи гуё “ҳамлаи яке аз норозиён ва таркиши норинҷак” Муборакзода ва баъзе аз ҳамроҳонаш маҷруҳ шуданд.

Эътирозгарон гирдиҳамоии худро осоишта дониста, баръакс, мақомотро ба саркӯби он муттаҳам карданд. Дертар ин гирдиҳамоӣ сабаби амалиёте дар Хоруғу Рӯшон ва боис ба кушта шудани дастикам 34 нафар гардид. Даҳҳо каси дигар дастгир ва ба солҳои дароз зиндонӣ шуданд.

Он замон Ғайратшо Муборакзода рутбаи подполковник дошт ва дар мақоми муовини аввали сардори Раёсати корҳои дохилии ВМКБ кор мекард.

Рӯзи 2-юми феврал сардорони 25 раёсати Вазорати корҳои дохилӣ, аз ҷумла дар Бадахшону Бохтару Кӯлоб дигар шудаанд.

XS
SM
MD
LG