Корфармоёни Олмон тавассути Оҷонси муҳоҷирати хориҷии Узбекистон ба шаҳрвандони ин кишвар расман 50 ҳазор ҷойи корӣ пешниҳод кардаанд.
Хабаргузории "Gazeta.uz" иттилоъ дода, ки корфармоён ба ҳамшираи шафқат, ронандаи мошинҳои боркаш, таъмиркунандаи мошинҳои боркаш ва техникаҳои кишоварзӣ, кормандони меҳмонхонаву тарабхонаҳо ва бинокорон ниёз доранд.
Афроде, ки тавассути барномаи "Ausbildung"-и Вазорати меҳнати Олмон ба кор қабул карда мешаванд, аз 1000 евро бештар моҳона хоҳанд гирифт.
Дар Оҷонси муҳоҷирати хориҷии Узбекистон гуфтанд, агар кормандон бо корфармо бевосита қарордод банданд, моҳонаашон аз 2000 евро сар мешавад.
Манбаъ афзудааст, ба довталабоне, ки хоҳиши кор кардан дар бахшҳои мазкурро дар Олмон доранд, забони олмониро меомӯзонад.