Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даромади ширкатҳои мобилӣ зиёд, вале пардохти молиёт кам шуд?


Ба иттилои расмӣ, ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон дар Тоҷикистон соли гузашта зиёда аз 3,8 миллиард сомонӣ даромад гирифтаанд.

Масъулони Хадамоти алоқа 31-уми январ зимни нишасти хабарӣ гуфтанд, даромади ширкатҳои мобилӣ назар ба як сол пеш қариб 8 дарсад зиёдтар шуд. Ба иттилои расмӣ, 78 ширкат дар бахши мухобирот кор мекунанд.

Илҳомҷон Атоев, муовини сардори Хадамоти алоқа, теъдоди муштариёни хадамоти телефону интернетро дар кишвар 7,8 миллион гуфт.

Мақомот дар ҳоле аз афзоиши даромади ширкатҳои мухобиротӣ хабар медиҳанд, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон 25-уми январ дар ҷаласаи солонаи ҳукумат гуфт, соли гузашта аз ҳисоби ширкатҳои мобилӣ ба буҷет 192 миллион сомонӣ молиёт ворид нашуд.

XS
SM
MD
LG