Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди роҳбарии иттиҳоди футбол ба раиси КДАМ-и Қирғизистон


Қамчибек Тошиев ва Содир Ҷабборов
Қамчибек Тошиев ва Содир Ҷабборов

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон, ба раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар Қамчибек Тошиев пешниҳод кард, ки Иттиҳоди футболи Қирғизистонро роҳбарӣ кунад.

Ба гуфтаи Ҷабборов, агар роҳбари Иттиҳоди футболи Қирғизистон назорати сахт набарад, ба даст овардани натиҷа осон нахоҳад буд.

"Муҳимтар аз ҳама - ба омода кардани футболбозон таваҷҷуҳ равона кард. Бояд тартибот бошад. Мо инро хуб медонем. Аз ин рӯ, ба Қамчибек Тошиев пешниҳод кардам, ки Иттиҳоди футболро роҳбарӣ кунад", - гуфт Ҷабборов.

Ин дар ҳолест, ки президенти Иттиҳоди футболи Қирғизистон Медербек Сиддиқов рӯзи 29-уми январ истеъфо дод.

Сабаби асосии истеъфои вай бохти тими миллии Қирғизистон дар Ҷоми Осиё дар Қатар будааст.

Сиддиқов соли 2021 ба ин мақом интихоб шуда буд.

Федератсияи футболи Қирғизистон соли 1992 ташкил шудааст. Ин федератсия дар соли 2019 ба Иттиҳоди футболи Қирғизистон табдили ном кард.

Тими мунтахаби Қирғизистон дар Ҷоми Осиё дар Қатар нахуст ба тими Тайланд бо ҳисоби 2:0 бохт ва сипас аз тими Арабистони Саудӣ низ бо ҳамин ҳисоб шикаст хӯрд.

XS
SM
MD
LG