Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрон Хон ва ҳамсараш ба 14 сол зиндон маҳкум шуданд


Нахуствазири пешини Покистон Имрон Хон ва ҳамсараш Бушра Хон рӯзи 31-уми январ ба иттиҳоми фасоди молӣ ба 14 сол зиндон маҳкум шуданд.

Як рӯз пеш, 30-юми январ, Имрон Хон аз сӯи як додгоҳ дар Исломобод ба 10 сол зиндон маҳкум шуда буд. Додгоҳ ӯро ба ифшои номаҳои маҳрамонаи сафири Покистон дар Вашингтон бо ҳукумати Покистон гунаҳкор шинохт.

Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Покистон, дар доираи ҳамин парванда ба 10 сол зиндон маҳкум шудааст.

Бар асоси ҳукми додгоҳи зиддифасоди Исломобод аз рӯзи 31-уми январ, Имрон Хон ва ҳамсараш муттаҳам шудаанд, ки ҳангоме ки ӯ дар сари қудрат буд, тӯҳфаҳои давлатиро назди худ нигоҳ доштаву фурӯхтаанд.

Нахуствазири пешини Покистон ва ҳамсараш баъди озодӣ аз зиндон то даҳ соли дигар аз ҳаққи соҳиб шудан ба ҳаргуна мансаби давлатӣ маҳрум гаштанд. Онҳо ҳамчунин ба пардохти 787 миллион рупияи покистонӣ вазифадор шуданд.

Ҳамсари Имрон Хон чанд лаҳза баъд аз эълони ҳукми додгоҳ боздошт шудааст. Худи Имрон Хон аз моҳи августи соли гузашта дар боздошт мебошад.

Ин ҳукми додгоҳ дар остонаи интихоботи порлумонии Покистон содир шуд. Интихоботи порлумонӣ дар Покистон рӯзи 8-уми феврал баргузор мешавад.

Имрон Хон аз додгоҳ хоста буд, ки ба вакилонаш иҷозат диҳад, ки пурсишҳои худро аз шоҳидони парванда, аз ҷумла як муфаттиши арзишҳои тӯҳфаҳо ва як мақоми низомӣ матраҳ кунад.

Ба гуфтаи Имрон Хон, арзиши тӯҳфаҳои мақомоти ҳукуматӣ, ки мегӯянд ӯ ба фурӯш расонда, 180 миллион рупия буд, аммо додситон арзиши онро беш аз се миллиард рупия арзёбӣ кардааст.

Мақомҳо дар ҳукумати Покистон мегӯянд, Имрон Хон ҳадя ё тӯҳфаҳои давлатии даврони нахуствазии худро дар Дубай фурӯхтааст. Аммо Имрон Хон мегӯяд, ки онҳоро ба таври қонунӣ фурӯхт.

Бо ин ҳол, Ҷунбиши инсофи Покистон хоҳони тазоҳуроти пеш аз интихботӣ нашудааст.

Таркиши як бомба дар минтақаи Балучистони Покистон дар рӯзи сешанбе ва чанд соат пеш аз эълони маҳкумияти Имрон Хон, боис ба кушта шудани се нафар аз аъзои Ҷунбиши инсоф шуд. Ҳеҷ гурӯҳе масъулияти таркишро ба ӯҳда нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG