Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маоши миёна дар Узбекистон ба 370 доллар расидааст


Оҷонси омори назди президенти Узбекистон гуфтааст, маоши миёна дар ин кишвар дар охири соли 2023 ба 4 миллиону 551 ҳазор сӯм (370 доллар) расидааст.

Оҷонси омори назди президенти Узбекистон гуфтааст, маоши миёна дар ин кишвар дар охири соли 2023 ба 4 миллиону 551 ҳазор сӯм (370 доллар) расидааст.

Ба иттилои манбаъ, суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,2 дарсадро ташкил медиҳад.

Масъулони оҷонс афзудаанд, ки маоши миёна дар вилояти Тошканди Узбекистон дар соли гузашта 7,453 миллион сӯм (беш аз $600)-ро ташкил додааст, ки баландтарин нишондод дар кишвар шумурда мешавад.

Баландтарин маоши миёна дар Узбекистон баъд аз Тошканд дар вилояти Навоӣ сабт шудааст, ки баробар ба $480 аст.

Пасттарин маоши миёнаро сокинони вилоятҳои Намангон, Қашқадарё ва Сурхандарё дарёфт кардаанд, ки муодили 270 доллари амрикоӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG