Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заробиддин Қосимӣ сухангӯи нави президент шуд. Тағйироти дигари кадрӣ


Соли 2017. Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ
Соли 2017. Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ

Бо як амри президенти Тоҷикистон рӯзи 29 январ Абдуфаттоҳ Шарифзода бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи раҳбари Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон озод карда шуд. Ба ҷои ӯ Заробиддин Қосимӣ ба ин мақом таъин шудааст. Заробиддин Қосимӣ аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср озод шуда, ба ин вазифа таъин гардид.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистонро солҳои охир барои ҳарчи бештар маҳдуд кардани дастрасии расонаҳои мустақил ба иттилоъ дар бораи президент ваё барҳам задани тамоси фаъол бо журналистон интиқод мекарданд. Маълум нест, оё дар замони раҳбарии Қосимӣ ин таҷриба ислоҳ мешавад ё на, вале барои ӯ кор дар дафтари матбуоти президент ва сохторҳои қудратӣ хуб ошно аст.

Ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, Заробиддин Қосимӣ бо ихтисоси шарқшинос то солҳои 2005 дар маркази матбуоти ВКД ва вазорати дифоъ кор карда, баъди ин то соли 2015 мушовири президент ва ҳам муовини раиси хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон будааст. Як сол раҳбарии оҷонсии расмии “Ховар”-ро ба ӯҳда дошт ва аз он ҷо нахуст ба раҳбарии намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва баъд ба Миср таъин шуд.

Бо фармону қарорҳои нав аз 29 январ, дар ҳукумати Тоҷикистон чанд тағйироти дигар дар мақомҳои давлатӣ барпо шуд.

Аз ҷумла, бо фармони президент Матлубахон Сатториён аз мақоми муовини сарвазири Тоҷикистон озод ва ба вазифаи вазири фарҳанги Тоҷикистон таъин шуд. Ба ҷои ӯ дар вазифаи муовини нахуствазир Дилрабо Мансурӣ таъин гардид.

Зулфия Давлатзода “бо сабаби гузаштан ба вазифаи дигар” аз вазифаи вазири фарҳанг озод шуд. Маълум нест, вазифаи нави ӯ чӣ мешавад. Рӯзи душанбе дар нишасти матбуотии вазорати фарҳанг Давлатзода ҳузур надошт ва ба саволҳои журналистон муовинони вазири фарҳанг посух доданд.

Инчунин бо сабаби ба кори дигар гузаштан Саъдӣ Қодирзода аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуд ва ба ҷои ӯ ба ин мақом Султон Раҳимзода таъин шуд.

Бо фармони дигари президент Нуралӣ Асозода аз вазифаи президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон озод ва ба ҷои ӯ Амонулло Салимзода таъин шудааст.

Инчунин, бо як фармони президент, Бунафша Файзиддинзода аз вазифаи раиси шаҳри Левакант озод шуд. Ӯро ба вазифаи раиси Кумитаи занон ва оила таъин карданд, ки онро Ҳилолбӣ Қурбонзода ба ӯҳда дошт. Қурбонзода бо сабаби ба вазифаи дигар гузаштан аз мақом гирифта шуд.

XS
SM
MD
LG