Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

АП: Матлубахон Сатториён вазири нави фарҳанги Тоҷикистон таъин шуд


Матлубахон Сатториён
Матлубахон Сатториён

Хабаргузории “Азия-Плюс” бо такя ба ду манбаи худ гуфт, рӯзи 29 январ Зулфия Давлатзода аз вазифаи вазири фарҳанги Тоҷикистон озод карда шуд ва ба ҷои ӯ Матлубахон Сатторин таъин гардид. Сатториён давоми наздики чор соли охир дар мақоми муовини нахуствазири Тоҷикистон кор мекард.

Ба навиштаи манбаъ, Сатториён имрӯз дар назди кормандони вазорати фарҳанг муаррифӣ шуд.

Зулфия Давлатзода
Зулфия Давлатзода

Барканории вазири фарҳангу таъини вазири нав дар ҳолест, ки рӯзи душанбе аз рӯи нақшаи тасдиқшудаи дастгоҳи президенти Тоҷикистон, раҳбарияти вазорати фарҳанг дар нишасти хабарии солона ба саволҳои хабарнигорон ҳозир шуд.

Ба иттилои хабарнигорони Радиои Озодӣ, дар ин нишаст вазир ширкат надошт ва танҳо муовинони Давлатзода аз кори вазорат намояндагӣ карданд.

Сабаби аз мақом гирифта шудани Давлатзодаро “гузаштан ба вазифаи нав” номидаанд.

XS
SM
MD
LG