Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 6 узви як хонавода дар Узбекистон аз оксиди карбон


Шаш кас дар Марғелони вилояти Фарғонаи Узбекистон бар асари заҳролудшавӣ аз оксиди карбон ҷон бохтаанд.

Хабаргузории "Газеты.uz" бо истинод ба Додситонии кулли Узбекистон хабар додааст, ки ҳамаи ҷонбохтаҳо узви як оила будаанд.

Зан З. М. (1970)-у шавҳар Н. М. (1967) ва духтари онҳо Д. И. (1994) ҳамроҳи се набераашон, ки аз се то 7 сол доштанд, 26 январ дар яке аз баландошёнаҳои Марғелон ҷон додаанд.

Санҷишҳо нишон додааст, ки дудбарои плостикии низоми гармидиҳии хона нодуруст насб шуда, дар натиҷа дар дохили хона оксиди карбон ҷамъ шудааст.

Дар ноҳияи Чимбайи Қарақалпоқистон низ миёнаҳои моҳи декабри соли гузашта 5 узви як хонавода аз оксиди карбон ҷон дода буданд.

XS
SM
MD
LG