Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоми ҳамкории чанд маъмури як идораи СММ бо "Ҳамос"


Дафтари Созмони Милал дар умури паноҳҷӯёни фаластинӣ мегӯяд, таҳқиқро дар мавриди чанд корманди маҳаллии худ, ки ба даст доштан дар ҳамлаи гурӯҳи "Ҳамос" ба Исроил муттаҳам ҳастанд, оғоз кардааст.

Ин ҳамла рӯзи 7-уми октябри 2023 сурат гирифта, 1200 кушта бар ҷой гузошт. Беш аз дусад нафар асир афтоданд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи “Ҳамос”-ро созмони террористӣ медонанд.

Дафтари Созмони Милал дар умури паноҳҷӯёни фаластинӣ рӯзи 26-уми январ гуфт, ки робитаашро бо кормандони гумонбар қатъ кардааст.

Вашингтон мегӯяд, то ҳалли масъала кумаки молиро ба ин ниҳоди СММ бас мекунад.

Вазири корҳои хориҷии Исроил рӯзи 27-уми январ гуфт, Телавив талош дорад пас аз ҷанг фаъолияти идораи Созмони Милалро дар умури паноҳҷӯёни фаластинӣ дар Ғазза боздорад.

XS
SM
MD
LG