Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

100 рӯз дар боздошт. Президенти Озодӣ раҳоии Алсу Қурмашеваро хост. ВИДЕО


Алсу Қурмашева, хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ
Алсу Қурмашева, хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ

Имрӯз, 25-уми январ, аз боздошти Алсу Қурмашева, хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, дар Русия 100 рӯз гузашт.

Стивен Капус, иҷрокунандаи вазифаи президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, дар изҳороте гуфт, ки “ноодилона нигаҳ доштан дар зиндон ҳатто барои як рӯз ҳам фоҷиа аст. Нигаҳ доштани як шаҳрванди Амрико барои сад рӯз дар зиндони Русия ноодилона ва қобили хашм аст."

"Алсу – зан, модар ва корманди дӯстдоштании идораи мост," – гуфта шудааст дар паёми Капус.

Видеоро дар инҷо бинед:

Талаби озодии хабарнигори Озодӣ аз зиндони Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:19 0:00

Алсу Қурмашеваро рӯзи 11-уми октябри соли 2023 барои он ки шиносномаи амрикоиашро дар ниҳодҳои Русия сабтином накард, 10 ҳазор рубл (муодили 103 доллари амрикоӣ) ҷарима бастанд.

Сипас, рӯзи 18-уми октябри соли 2023, дар шаҳри Қазон дастгир карда, аввал барои сабти ном нашуданаш ҳамчун "агенти хориҷӣ" ва баъдан ба "дурӯғпароканӣ дар бораи артиши Русия" муттаҳам намуданд.

Иттиҳоми аввал панҷ сол ва иттиҳоми дувум даҳ сол зиндонро дар назар дорад.

Алсу Қурмашева ва Радиои Озодӣ ин иттиҳомҳоро рад карда, гуфтаанд, Маскав ӯро барои фаъолияти рӯзноманигорӣ ҷазо медиҳад.

Кормандони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ раҳоии Алсу Қурмашеваро аз зиндони Русия талаб карданд
Кормандони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ раҳоии Алсу Қурмашеваро аз зиндони Русия талаб карданд

Иҷрокунандаи вазифаи президенти Радиои Озодӣ мегӯяд, Русия бояд Алсу Қурмашеваро бе қайду шарт озод кунад.

Метю Миллер, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Амрико, рӯзи 18-уми январ гуфт, Иёлоти Муттаҳида аз қазияи хабарнигор огоҳ аст ва пас аз ҷамъоварии иттилоъ аз ҳама ҷонибҳо ва арзёбии воқеият тасмими муносиб хоҳад гирифт.

Алсу Қурмашева, ки дар қароргоҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар шаҳри Прага кор карда, соҳиби шаҳрвандии дугонаи Русия ва Амрико мебошад, моҳи майи соли 2023 бо зарурати оҷили хонаводагӣ ба Қазон рафта буд.

XS
SM
MD
LG