Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ёддоштро дар бораи лағви раводид бо Эрон тасдиқ кард


Эмомалӣ Раҳмон ва Иброҳим Раисӣ
Эмомалӣ Раҳмон ва Иброҳим Раисӣ

Ҳукумати Тоҷикистон ёддошти тафоҳумро барои аз байн бурдани раводид (виза) бо Эрон тасдиқ кардааст.

Қарори ҳукумат дар аввали моҳи январи имсол қабул шуд.

Дар санад зикр шудааст, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бояд ҷониби Эронро “дар бораи иҷрои расмиёт” огоҳ кунад.

Ёддошти тафоҳум миёни Тоҷикистон ва Эрон дар бораи бекор кардани низоми раводид дар моҳи ноябри соли 2023 имзо шуда буд.

Бар асоси ин ҳуҷҷат, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон метавонанд бидуни раводид то 30 рӯз ба кишварҳои ҳамдигар сафар карда, то ин муддат иқомат дошта бошанд.

Бар асоси муқаррароти байнидавлатӣ, баъд аз тасдиқ ёддошти тафоҳум бояд миёни Душанбе ва Теҳрон созишномаи ниҳоӣ барои аз байн бурдани раводид имзо шавад.

Миёни Тоҷикистон ва Эрон феълан ҳафтае се парвоз ҳаст.

Даҳҳо тоҷикистонӣ бо мақсади саёҳату тиҷорату табобат ба Эрон мераванд.

XS
SM
MD
LG