Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худдории чопхонаҳои Алмато аз нашри "Ҳаводиси январӣ"


Даниёр Молдабеков, рӯзноманигори қазоқистонӣ.
Даниёр Молдабеков, рӯзноманигори қазоқистонӣ.

Даниёр Молдабеков, рӯзноманигори қазоқистонӣ гуфт, чопхонаҳои шаҳри Алмато аз нашри китоби ӯ дар бораи ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022 дар кишвараш худдорӣ мекунанд.

"Дар нашриёте, ки китоби маро қабул кардааст, гуфтанд, ҳамаи чопхонаҳо аз нашри китоби ман даст кашидаанд ва пули пешпардохтро бармегардонанд. Китобро ман ҳатман чоп мекунам, вале ҳоло бояд фикр кард, ки ин корро кай, дар куҷо ва чи гуна метавон анҷом дод", - навиштааст рӯзноманигор дар канали худ дар паёмакрасони Телеграм.

Қаблан Молдабеков гуфта буд, ки пулис аз чопхона хостааст, то китоби ӯро "барои хондан" пешниҳод кунад. Рӯзноманигор ин амали пулисро як навъи фишор алайҳи худ номид.

Даниёр Молдабеков дар бораи ҳодисаҳои январии соли 2022 дар Қазоқистон китоб навиштааст. Пештар вай ваъда карда буд, ки дар дусолагии он ҳодисаҳо китобашро нашр хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG