Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути як ҳавопаймои Русия. "74 нафар ҷон бохтаанд"


Ил-76
Ил-76

Як ҳавопаймои низомии ин кишвар, ки дар дохилаш 65 сарбози асируфтодаи Украина низ буданд, афтодааст.

Ба иттилои расмӣ, онҳоро барои табодул (иваз кардан) ба Белгород мебурданд.

Ҳодиса рӯзи 24-уми январ рӯй дод.

Вазорати мудофиаи Русия гуфт, ба ҷуз аз асирони украинӣ дар ҳавопаймо "нӯҳ нафари дигар" буданд.

Волии Белгород Вячеслав Гладков хабар дод, ки ҳамаи мусофирони ҳавопаймо, 74 нафар, ҷон бохтаанд.

Дар навори шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ки як ҳавопаймои Ил-76 ба замин бархӯрда, дуду алангаи оташ ба ҳаво баланд шудааст. Садои таркиш ҳам шунида мешавад.

XS
SM
MD
LG