Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бобомурод Раззоқов – зиндонии пешини сиёсӣ дар Узбекистон фавтид


Бобомурод Раззоқов
Бобомурод Раззоқов

Фаъоли мухолиф ва ҳомии ҳуқуқ аз Бухоро Бобомурод Раззоқов рӯзи 23-юми январ дар 69-солагӣ фавтид.

Дар ин бора писараш, Шӯҳрат Раззоқов, хабар дод.

Вай дар ноҳияи Ҷандари вилояти Бухоро ба кишоварзӣ машғул буд ва ҳамзамон бахши вилоятии созмонии ҳомии ҳуқуқи "Эзгулик"-ро роҳбарӣ мекард.

Сарфи назар аз таъқибҳои даврони роҳбарии Ислом Каримов дар Узбекистон, Раззоқов бо расонаҳо суҳбат мекард ва дар бораи камбудиҳо мегуфт.

Раззоқов дар моҳи сентябри соли 2013 бо гуноҳи "қочоқи инсон" чаҳор сол зиндонӣ шуд.

Он замон Раззоқов дар додгоҳ гуфта буд, ки айби эъломшуда туҳмат аст ва мақомот мехоҳанд, аз ӯ қасос бигиранд.

XS
SM
MD
LG