Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши омбудсмени Узбекистон ба таҳқири муҳоҷирон дар Екатеринбург


Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё худ омбудсмени Узбекистон Фирӯза Эшматова дар робита ба таҳқири муҳоҷирони кории узбекистонӣ дар шаҳри Екатеринбург ба ҳамтои русиягии худ Татяна Москалкова шикоят кардааст.

Эшматова дархост карда, ки ҳуқуқи кории муҳоҷирони Узбекистон дар Русия риоя ва таъмин карда шавад.

Ниҳодҳои қудратии ноҳияи Железнодорожнийи Екатеринбург 17 январ дар як сохтмон "рейд" гузаронида, дар маҷмуъ санадҳои 150 нафарро тафтиш карданд. Аз миёни онҳо 8 кас барои нақзи қонунҳои муҳоҷират аз Русия ихроҷ шуда, ба чаҳор нафар, ки шаҳрвандии ин кишварро доштанд, даъватнома ба комиссариати ҳарбӣ супурда шудааст.

Аксу видеои нашршуда дар Интернет нишон медиҳанд, маъмурони ҳифзи ҳуқуқи Русия муҳоҷиронро маҷбур менамоянд, ки пайи ҳамдигар дар майдони барфпӯши сохтмон ҳаракат кунанд.

Дар миёни муҳоҷирон шаҳрвандони Узбекистон низ буданд ва ин манзара норозигии Тошкандро ба бор овардааст.

XS
SM
MD
LG